- қимат
- [قيمت]а1. баҳо, нарх, арзиш: қимати баланд (ё муносиб) додан; ба қимати… ба нархи…; қимат додан нарх мондан, баҳо додан, арзиш муайян кардан ба чизе; қимат доштан арзиш доштан, арзидан2. гарон, пурбаҳо; муқоб. арзон; аз арзиши худ зиёдтар, аз нархи муқаррарӣ болотар: қимат будан, қимат фурӯхтан, қимат харидан; гавҳари қимат гавҳари пурқимат; қимат кардан а) баҳои чизеро муқаррар намудан; б) гуфт. нархро боло бурдан, ба чизе аз арзишаш зиёдтар нарх мондан; қимат шудан гарон шудан, боло рафтан (баланд шудан)-и нарх3. арзиш, қадр, қурб; шоистагӣ, барозандагӣ; қимати бадеӣ арзиш аз ҷиҳати бадеият; қадру қимат эътибору арзиш; аз ҳама қиматтар аз ҳама бақадртар, ниҳоят азиз; қимати чизеро донистан баҳои ҳақиқии чизеро муайян кардан ва донистан; ба қадри чизе расидан; қимат афтодан (ё ғалтидан) гаронтар воқеъ шудан, бо нархи гарон ба даст даромадани чизе; бо харҷи зиёд иҷро шудани коре; қимати чизеро шикастан қадру эътибори чизеро паст кардан, чизеро беқадр кардан; ба қадру қимати чизе расидан ниг. қадр; баробари ҷон қимат доштан фавқулода гаронқадр будан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.